ВОХӮРИИ СУДМАНД
24.07.2023 10:44
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ масъулин мақомот бо роҳбарият ва кормандони Бозори Меҳргон мулоқот карданд. Зимни суханронӣ иштирокчиёни мулоқот таъкид намуданд, ки мақсад аз доир намудани чорабинии мазкур ин рӯ овардан ба фарҳангӣ миллӣ, вусъати тадбирҳои ободонӣ дар ҳудуди бозор, тозаву озода нигоҳ доштан ҳудуд ва атрофи он ва дигар мавзеҳои муҳим дониста мешавад. Дар идомаи мулоқот масъулин қайд намуданд, ки миллати тоҷик дорои фарҳанг ва расму оийини қадимӣ мебошад ва моро зарур аст, ки меросбари арзандаи он бошем.
Махсусан яке аз маконҳое, ки муаррифгари фарҳангу тамаддун ва расму оийни миллати тоҷик ин бозор дониста мешавад, ки ин одати шарқиёна аз қадим бо фарҳанги мо пайванд аст. Бинобар ин аз тамоми кормандон ва савдогарони бозор, махсусан занону бонувони он хоҳиш карда шуд, ки дар муомила бо харидорону мизоҷон ва сайёҳону меҳмонон хушгуфтор бошанд. Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба наздикӣ корхонаи истеҳсолии дузандагии ҶСК «Гулситони Душанбе» дубора ба мавсими нави фаъоляити худ шурӯъ менамоянд ва айни замон наздик ба 100 нафар занону бонувони хоҳишмандро имкон дорад бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин намояд. Бинобар он нафароне, ки хоҳиши кор дар корхонаи истеҳосолии дузандагиро доранд, метавонанд то санаи 1-уми августи соли равон ба ҶСК «Гулситони Душанбе» муроҷиат намоянд.