Таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

31.05.2021 14:14

 
1 июн дар саросари ҷаҳон “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон” таҷлил мешавад, ки он моҳи ноябри соли 1949 дар шаҳри Париж бо қарори конгресси Федератсияи байналмилалии демократии занон таъсис ёфта буд.
Дар ин рӯз дар саросари ҷумҳурӣ бахшида ба ҳифзи кӯдакон ва ҳуқуқи онҳо ба зиндагии шоиста чорабиниҳои мухталиф роҳандозӣ мешаванд.
Қайд кардан зарур аст, ки дар кишвари азизамон ба тарбияи кӯдак ва ташаккули тарзи ҳаёти солими насли наврас, таълиму таҳсили онҳо аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти махсус дода мешавад, зеро Пешвои муаззами миллат рушди минбаъдаи ҷомеаро маҳз аз тарбияи дурусти кӯдакону наврасон мешуморад.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ оид ба таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ки ҳамасола санаи 1-уми июн дар саросари олам таҷлил мегардад, дар ноҳия низ истиқбол карда шуд.
Санаи 31-уми майи соли 2021 дар БОҒИ ФАРҲАНГӢ – ФАРОҒАТИИ БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ- и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон баргузор гардид, ки дар он Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Самӣ Шариф иштирок намуданд.
Зимни суханронии худ Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муҳтарам Самӣ Шариф иштирокчиёни чорабинии идона ва дар симои онҳо кулли кӯдакони ноҳияро бахшида ба “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон” табрик намуд. Қайд гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тарбияи дурусти тифлакони саодатманд ва ба воя расонидани номбардорони ояндаи миллат аз тамоми шароиту имкониятҳо истифода карда, барои таълиму тарбия, рушди маънавию ҷисмонии онҳо ҳамаи шароитҳоро фароҳам овардааст.
Бояд гуфт, ки таҳти ғамхории доимӣ фаро гирифтани кӯдакону наврасон, дар замири насли ҷавон парваридани ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносию ватандӯстӣ мавриди таваҷҷӯҳи ҳамешагии давлату Ҳукумат қарор дорад.