БА ИСТИҚБОЛИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

24.07.2023 10:00

 

Санаи 23 июли соли 2023 тибқи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ шаҳри Душанбе дар “Боғи кӯдакон”-и шаҳри Душанбе намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабии ноҳияи Восеъ ташкил ва баргузор карда шуд.