ВОХӮРИ БО ЗАНОНУ ҶАВОНДУХТАРОНИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ

24.07.2023 08:29

 

Вобаста ба амалишавии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа" таҳти раёсати масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо ҷавондухтарону занони хонашин, ки аз ҷониби шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба касбомӯзӣ фаро гирифта шудаанд, мулоқот доир карда шуд.
Дар вохӯрӣ аз ҷониби муовини Раиси ноҳия ва мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ доир ба масъалаҳои мубрам ибрози андеша намуда, инчунин, зикр карда шуд, ки тайи солҳои Истиқлолияти давлатӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист ба беҳбудии вазъи занон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намояд. Дар ин давра механизмҳои миллии ҳимояи ҳуқуқи занон мустаҳкам шуда, заминаҳои қонунгузорӣ ҷиҳати имкониятҳои баробари мардону занон таъмин ва такягоҳи воқеии бонувони тоҷик гардид.
Қабули Фармони Президенти кишвар аз 3 декабри соли 1999, №5 "Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа" барои таъмини иштироки занон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии кишвар, инчунин доир ба масъалаи беҳдошти вазъи зиндагии занон заминаи муҳим гузошт.
Ин навбат дар доираи мулоқоти болозикр, ҷиҳати дастгирии занону бонувони бе шуғл ва заноне, ки маълумоти олӣ надоранд ҷиҳати ҷалби онҳо ба касбомӯзиву ҳунармандӣ ва ба ин васила бо кор таъмин намудани онҳо дар корхонаҳои саноатӣ ва истеҳсолӣ аз ҷониби масъулин пешниҳодҳои муфид пешкаши ҳозирин карда шуд.