ВОХӮРИ БО ЗАНОНУ БОНУВОНИ РАЁСАТИ ИСТИФОДАБАРИИ РОҲҲОИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ

21.07.2023 09:00

 

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб, ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби бахши кор бо занон ва оила вохӯри бо занону бонувони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ доир карда шуд.
Дар вохӯрии болозикр, муовини Раиси ноҳия Шарифзода Наргис Достӣ ва масъулини бахши кор бо занон ва оила иштирок намуда, ҷиҳати одоби шаҳрнишинӣ, пешгирии тақлиди фарҳанги бегона, таҳкими ҳувияти миллӣ, баланд бардоштани руҳияи ҷавонон дар самти тарбияи ватандӯстӣ ва хизмати Модар-Ватан, зиракии сиёсӣ, иштирок ва саҳмгузорӣ дар раванди корҳои созандагиву бунёдкорӣ суханрони намуданд.
Инчунин, аз ҷониби масъулин ҷиҳати ҷалби ҷавондухтарон ва занони хонашин ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби бештари онҳо ба касбомӯзи суханронӣ карда шуд.