Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, даъвати шашум
13.07.2023 09:52
Санаи 12 июли соли 2023 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо иштироки Раиси ноҳия, муовини якум ва мувинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, Мудирони шуъбаю бахшҳои дасгоҳи Раиси ноҳия ва сохторҳои дахлдори ноҳия иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, даъвати шашум баргузор гардид.
Рўзномаи иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, даъвати шашум аз масъалањои зерин, иборат буд.
1. Ҳисоботи муовини Раиси ноҳия оид ба рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе оид ба таъмини иҷрои “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, марҳилаи якум (солҳои 2021-2025)” дар ноҳия;
2. Ҳисоботи директори Муассисаи давлатии “Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасони ноҳияи Исмоили Сомонӣ” оид ба фаъолият дар соли 2022 ва нимсолаи якуми соли 2023;
3. Ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия “Оид ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳаг, тандурустӣ, муҳофизати оила ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳи”;
4. Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ҳавзаи интихоботии №26;
5. Ҳисоботи муовини якуми Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ “Оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар нимсолаи якуми соли 2023 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2023”;
6. Тасдиқи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои солҳои 2023-2027;
7. Гузориши Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ “Оид ба одоби вкилон” дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколатҳои вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ҳавзаи интихоботии №16;
8. Дар бораи таъин намудани интихоботи вакил ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии №16
9. Дар бораи ташкили Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоби вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ҳавзаи интихоботии №16;
10. Дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ.