Ҳифзи Ватан қарзи шаҳрвандист

07.07.2023 11:22

 

Санаи 6 июли соли 2023 дар қаламрави ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҳолати таълимии «Омода бош!» бо иштироки қувва ва воситаҳои мудофиаи ҳудудӣ баргузор гардид.
Ин чорабинӣ дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фармоиши роҳбарияти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ҷамъ оварда шуд.
Дар чорабинии ҳарбӣ-сиёсӣ сардори Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳ-муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори ноҳияи мудофиаи ҳудудии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва аъзои ситоди ноҳиявӣ иштирок намуданд.
Ҳангоми ҷамъомад роҳбарияти Ситоди генералӣ ва сардори ноҳияи мудофиаи ҳудудӣ барои иштироки фаъолона аз ҳозирин изҳори минатдорӣ карда, ба масъулин ва иштирокчиён дастурҳои лозимӣ дода шуд. Чорабинии мазкур дар сатҳи зарурӣ ва сифати баланд баргузор гардид.