НАМОИШ - ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ, ТАОМҲОИ МИЛЛӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМИИ ШАҲРИ КОНИБОДОМ ДАР “БОҒИ ИРАМ” – И ШАҲРИ ДУШАНБЕ
03.07.2023 15:27
Санаи 2 июли соли 2023 дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе бо ташаббусти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои марудмӣ доир гардид.
Дар намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумии шаҳри Конибодом, ки дар Боғи Ирами пойтахт доир шуд, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва дигар намояндагони вазорату идораҳо иштирок намуданд.
Иштирокчиён дар саҳни боғ аз намоиши ҳунарҳои мардумии ҳунармандони шаҳри Конибодоми вилояти Суғд, ки бо санъати баланд оро дода шуда, буд боздид карданд. Ҳунармандони шаҳр бо завқи баланд дар намоиши ҳунарҳои мардумии шаҳри Конибодом иштирок намуда, истеъдод ва ҳунари доштаи худро пешниҳоди сокинони пойтахт намуданд.