ШОМИ ФАРҲАНГИИ ШАҲРИ ҲИСОР ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
03.07.2023 15:15
Санаи 1 июли соли 2023 дар муассисаи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо иштироки ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳри Ҳисор, аз ҷумла овозхонону мутрибони театри халқии ба номи Тоҷиддин Муҳиддинов, ҳунармандони ансамбли фолклории “Бобоҷоно” ва ансамбли рақсии “Сарвиноз” чорабинии ҷолибу пуршукӯҳ доир гардид.
Дар оғози чорабинӣ раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар ва муовини раиси шаҳри Душанбе Раҳимзода Толиб Карим суханронӣ намуда, иштирокдорон, меҳмонону сокинони пойтахтро хайрамақдам гуфтанд ва аз ҳамкориҳои судманду доимии байниҳамдигарӣ бо хушнудӣ истиқбол намуданд.
Зикр гардид, ки Душанбе ҳамчун макони мардони фозилу бохирад, занони баору отифа ва наврасону ҷавонони ватандӯсту бахтиёр миллати моро маркази умеду ормон бо саъю талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷавони кордону ташаббускор ва қалбаш саршори меҳру муҳаббати Ватан, шаҳрдори шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз симои Пойтахти кишвари азизамон куллан дигаргун шуда, зебову назаррабо, дилфиребу дилоро ва ба як шаҳри сарсабзу хуррам мубадал гардидааст.
Хушбахтона, шаҳри Ҳисор, бо таърихи беш аз 3000-сола дар шафати пойтахти кишвари маҳбубамон-Душанбе қарор дошта, ҳамнабзи пойтахт ба шумор меравад. Ҳисор таърихи қадимаи ин минтақа, балки водиро таҷассум мекунад ва ин мартаба барои сокинони шаҳри Ҳисор боиси ифтихору сарфарозӣ маҳсуб меёбад. Имрӯз ҳазорон нафар ҷавонони Ҳисор дар мактабҳои олӣ ва касбии пойтахтамон таҳсили илму ихтисос карда, ҳазорони дигар кору зиндагӣ мекунанд. Машҳуртарин олимону мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ аз шаҳри Ҳисор дар пойтахт фаъолият карда, дар рушди кишвари азизамон саҳми муносиб мегузоранд ва итминони комил дорам, ки ин пайвандӣ то абад ҷовидон хоҳад монд.
Ҳамчунин, раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қодирзода Руслан Раҷаб чун рамзи эҳтиром, ба раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар дар фазои тантанавӣ Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро тақдим намуда, ба ташаббускорони намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабӣ, ки аз субҳ то шом идома дошт, арзи сипос намуд.
Садои шеъру таронаҳои тарранумгари васфи Ватан, Истиқлолият, Ваҳдат ва зебогиҳои диёр, инчунин рақсу кафкӯбиҳои бардавоми аҳли маҳфил дар фазои боғ то дер танинандоз гардида, ба чорабинӣ ҳусну шукӯҳи идона бахшид.