Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар боғӣ фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

27.06.2023 10:44

 


Санаи 26 июни соли 2023 дар боғӣ фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинии фарҳангӣ, баргузор гардида, дар он Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб, муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимзода Толиб Карим, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликзод Парвина ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, фаъолони ноҳия, мудирони боғчаҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ, КВД манзилхизматрасонҳо ва меҳмонони ҳудуди ноҳия иштирок намуданд.
Сараввал Раиси ноҳия муҳтарам Қодирзода Руслан суханронӣ намуда қайд намуданд, ки 27 июни соли 1997 пас аз гуфтушунидои зиёд ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини сулҳу субот, сарҷамъии миллат ва зиндагии ороми онҳо Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки ин санади муҳим дар таърихи навини халқамон, аз ҷумлаи асноди сарнавиштсоз буда, инак бисту шаш сол мешавад, ки онро дар саросари кишвар бо шукўҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоем.
Аз ин хотир, тамоми сокинони ноҳияи Исмоили Сомониро ба ҷашни 26 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак гуфта, таманно намуданд, ки дар хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистони иқболу саодат, файзу баракат ва сулҳу ваҳдати ҷовидонӣ доимо ҳукмфармо бошад.
Дар охир чорабинии фарҳангӣ – фароғатӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои болидаруҳии меҳмонону сокинони ноҳия ва шаҳри Душанбе пешкаш карда шуд.