ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ 26 – УМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

24.06.2023 20:24

 

ҲАМДИЁРОНИ АЗИЗ!
Мавриди зикри хос аст, ки бистушашсол муқаддам халқи куҳанбунёди тоҷик дар саҳифаи давлатдории хеш як дастоварди таърихӣ, як санаи муҳимро, ки дар рушди минбаъдаи бесобиқаи кишвар нақши муҳим дорад, бо ҳарфҳои заррин сабт намуд.
Дар ин радиф ба умқи саҳифаи таърихи башарӣ назарафканда, пас аз андешаи андак ба қадру манзалати ин вожа ва дастоварди миллӣ, яъне Ваҳдати миллӣ мерасем. Ҳар фарди дилогоҳу соҳибватан пас аз ошноӣ пайдо кардан бо таърихи бадастовардани истиқлолияти миллату халқиятҳои гуногун, бояд фахр аз ин миллату давлати соҳибистиқлол намояд ва ин дурриносуфтаро бо арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва бо меҳнати созандаю ободкорона қобили қабули ганҷинаи ҷаҳонӣ гардонад.
Маҳз бо шарофати Ваҳдати миллӣ ва дар ин замина муттаҳид сохтани нерӯҳои сиёсӣ, таъминнамудани ризоияти ҷомеа тавонистем, ки истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзии кишварамонро ҳифз кунем ва сарҷамъии мардуми мамлакатро таъмин намоем.
Дар ин замина бо шарофати Ваҳдати миллӣ аз кишваре, ки вайро хатари парокандагӣ ва нестӣ таҳдид мекард мо тавонистем кишвари воҳиди дорои иқтидорҳои энергетикию комуникатсионӣ, иқтисодиёти рў ба рушд ва фарҳанги пешрафтаву низоми сиёсии устуворро бунёд гузорем, ки дар ин росто ноҳияи Исмоили Сомонӣ низ ҳамчун қисми ҷудонопазири ҷумҳурии соҳибистиқлоламон аз ин дастовардҳо бархурдор гардидааст.
Бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии ин санади сарнавиштсоз, арзиши сулҳу суббот ва моҳияти Ваҳдати миллиро ҳамчун неъмати бе баҳо беш аз пеш дарк ва қадр менамоем, барои пойдору устувор мондани он ҳамеша саъю талош меварзем.
Бистуҳафтуми июни соли 1997 дар таърихи навини давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон яке аз санаҳои муборак ва тақдирсоз, ҳамчун рӯзи баҳамоиву оштӣ ва эълони иттиҳоди ҷовидонаи миллати куҳанбунёди тоҷик сабт шудааст.
Имрўз бо гузашти бисту шаш сол, ваќте, ки ба таърихи начандон дури кишвари соњибистиқлоли худ назар афканем, мебинем, ки сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ барои ҳар яки мо чӣ қадру қиммат дорад. Ба ибораи дигар, тамоми пешрафту комёбињои кишварамон аз баракати сулҳу суббот ва Ваҳдати миллӣ ибтидо гирифтаанд.
Ҳанўз баъди дар шаҳри Москва ба имзо расидани созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллї дар Тоҷикистон Асосгузори сулњу Вањдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи шарафманду пурифтихори тоҷик муроҷиатнома қабул намуд, ки дар он аз ҷумла қайд гардида аст: «Ҳодисаи фараҳбахше, ки миллати тоҷик, ҳамаи тоҷикистониён ва дӯстони дурру наздики мо ҳангоми имзои Созишномаи умумӣ аз сар гузаронидаанд, моҳиятан як давраи номи таърихиро дар худ таҷассум менамояд».

ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ!

Таърих ибратомӯз аст ва Рӯзи Ваҳдати миллї ба мо ҳушдор медиҳад, ки аз хатоҳои гузашта хулоса барорем, имрӯз бо азми бунёдкорию созандагӣ пойдевори зиндагии фардоро гузорем. Ҳамзамон ба қадри давлату давлатдории миллии худ бирасем ва ба наслҳои оянда кишвари обод, тараққикарда ва хуррамро ба мерос гузорем.
Бо ин ниятҳои нек ҳамаи шумо – ҳамдиёрони азизро ба ҷашни хуҷаставу муқаддас, Ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони Тоҷикистони азизамон оромиву хушбахтӣ ва рӯзгори ободу осударо орзумандам.

САЛОМАТУ САРБАЛАНД БОШЕД!