ОЗМӮНИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ
24.06.2023 20:22
Санаи 22 июни соли 2023 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, №647 барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ аз ҷониби комиссияи дахлдори назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки намояндаи ваколатдори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмӯн гузаронида шуд.
Дар рафти гузаронидани озмӯн барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ аз довталабон тибқи тартиб донистани ҳатмии муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва хориҷи, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ пурсиш ба амал оварда шуд.