БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ КӮШОДИ ГӮШТИНИ МИЛЛӢ "ГӮШТИНГИРӢ" МИЁНИ СОКИНОНИ МАҲАЛЛАҲО БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ БАРОИ ДАРЁФТИ ҶОМИ РАИСИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ

24.06.2023 15:08

 

Санаи 23 июни соли 2023 бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия бахшида ба таҷлили 26 – умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ миёни сокинони маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия мусобиқаи кушоди гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ» барои дарёфти Ҷоми Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар кӯшодашавии мусобиқаи мазкур Мусозода Илҳом Хол - муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Шокирзода Муҳаммадтолиб - сардори Раёсати тарбияи ҷисмони ва рушди инкишофи варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саидов Сайҷалол - муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Раҷабов Рисқиддин - дирктори МД "Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии - №6" оид ба намудҳои гӯштини шаҳри Душанбе ва Маҳмудзода Нусратулло Пулод - мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ иштирок намуданд.
Паҳлавонон дар 9 вазн қувваозмоӣ намуданд.
Боиси ифтихор ва сарфарозӣ аст, ки бо ташаббус ва талошҳои пайгирона ва варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гӯштини миллӣ (Гӯштингирӣ) мақоми байналмилалиро касб намуд.
Ин дараҷаи байналмилалӣ дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта шуда, гӯштини миллӣ соҳиби сертификати байналмилалӣ гардид.
Ин аст, ки зери ҳидояту дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бозиҳои миллии варзишӣ, бахусус гӯштини миллӣ - гӯштингирӣ аз нав эҳё ва рушд ёфта истодааст.
Бешубҳа, миллати тоҷик аз қадимулайём машғул шудан ба варзишро муҳимтарин заминаи беҳдошти рӯҳиву равонӣ ва ҷисмонии инсонҳо арзёбӣ намуда, рӯҳи солимро дар тани солим маънидод намудааст.