ДАВРИ ДУЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ТОҶИКОН” - ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ” ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
22.06.2023 15:24
Санаи 21 июни соли 2023 дар Литсеи №5 – и ноҳияи Исмоили Сомонӣ даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон” - оинаи таърихи миллат” шуруъ гардид.
Дар маросими ифтитоҳи ин озмун иброз гардид, ки донистани таърихи пурғановати халқи тоҷик тавассути мутолиаи шоҳасари академик бобоҷон Ғафуров – китоби “Тоҷикон” барои ҳар шахси инсондӯсту ватанпараст мояи ифтихор аст. Озмуни мазкур ба хотири арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва ба ин васила шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” дарҷ гардидааст, роҳандози шудааст.
Гуфта шуд, ки Озмуни Ҷумҳуриявии “Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” соли равон зери сарпарастии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 115 – солагии ин абармарди тоҷик – Бобоҷон Ғафуров, ки баҳри шинохти миллати тоҷик хизмати намоён кардааст, эълон гардидааст.