ШИНОСОӢ АЗ РАВАНДИ КОРҲОИ СОЗАНДАГИВУ ОБОДОНӢ ДАР ҲУДУДИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ

14.06.2023 11:22

 

Бо мақсади шиносоӣ аз раванди корҳои созандагиву ободонӣ дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва ҷиҳати татбиқи нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат ба ифтихори 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндаи Ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз раванди корҳои сохтмонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ дар иншооти таъиноти гуногуни ноҳияи Исмоили Сомонӣ боздид карданд.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳия бунёд ва азнасозии иншооти гуногуни ҷашнӣ, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ, марказҳои гуногуни савдою хизматрасонӣ, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, марказҳои хизматарсонии тиббӣ ва дигар иншооти соҳавӣ дар назар дошта шудааст. Маврид ба зикр аст, ки то ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ҷараёни корҳои созандагиву ободкорӣ назорат хоҳанд бурд.