Оғози фаъолияти истироҳатгоҳи беруназшаҳрии “Шарора”

13.06.2023 14:15

 

Санаи 12 июни соли 2023 хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва тарбиятгирандагони Мактаб-интернати рақами 1 барои кӯдакони ятими шаҳри Душанбе ба истироҳатгоҳи беруназшаҳрии Зимчуруд гусел карда шуданд. Чун ҳарвақта хонандагон дар назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷамъ шуда, сипас ба истироҳатгоҳи «Шарора» наздик ба 180 нафар хонандагон, аз ҷумла 20 нафар тарбиятгирандагони Мактаб-интернати рақами 1 барои кӯдакони ятими шаҳри Душанбе, 15 нафар ятимони кулл, 57 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоат ва хонандагони фаъолу аълохон ва дорои рафтори намунавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Исмоили Сомонӣ сафарбар карда шуданд.
Бояд гуфт, ки дар 36 майдончаҳои тандурустиву солимгардонии назди муассисаҳои таълимии пойтахт низ бо фарогирии 1600 нафар хонандагон дар басти якуми истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон оғоз гардид. Ёдовар мешавем, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 1 майи соли 2023 Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасони пойтахт тасдиқ гардид. Тибқи қарори мазкур масъулин вазифадор гардида буданд, ки истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ва майдончаҳои тандурустиву солимгардонии назди муассисаҳои таълимии шаҳрро бо кадрҳои роҳбарикунанда, мураббия, омӯзгор ва роҳбарони бадеию варзишӣ таъмин намуда, доир ба баргузории чорабиниҳои таълимию тарбиявӣ ва фарҳангӣ, ки дар баланд бардоштани сатҳи маънавиёти кӯдакону наврасон мусоидат менамоянд, тадбирҳои самаранок андешанд.