Тақдими кумакпулиҳои якдафъаина ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ

24.05.2021 15:30

 
Ба муносибати 76- юмин солгарди Рӯзи Ғалаба, ба иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаки молиявии якдафъаина супорида шуд.
Гурӯҳи корӣ дар ҳайати намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабиён Сайфиддин Шамс, муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимзода Толиб Карим ва раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Самӣ Шариф 5 майи соли равон иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аз ноҳияи Исмоили Сомониро аёдат намуда, ба онҳо кӯмакпулии яквақта ва кӯмаки моддӣ супориданд.

Дар оғози аёдатҳо намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабиён Сайфиддин Шамсиддин, аз номи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собиқадорони ҷангро бо Иди Ғалаба самимона табрик гуфта, ба ҳар кадоме аз иштирокчиёни ҶБВ туҳфаҳои пулии Сарвари давлатро (ба ҳар яке аз иштирокчиёни ҶБВ 10 ҳазор сомонӣ) супорид.

Ҳамчунин, муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимзода Толиб Карим ба ҳар кадоме аз иштирокчиёни ҶБВ аз номи Раиси шаҳри Душанбе ва Раиси ноҳия муҳтарам Самӣ Шариф ба ҳар кадоми онҳо маблағҳои пулиро тақдим намуданд.
Лозим ба ёдоврист, ки алҳол дар ноҳия 4 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, боқи мондаанд.