ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН”
13.06.2023 08:14
Санаи 9 июни соли 2023, дар толори Муассисаи давлатии маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе, даври ҷамъбастӣ, маросими ҷоизасупории озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон - Ватани азизи ман" дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор карда шуд, ки дар он аз 176 нафар соҳиби ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардида, барои иштирок аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе онҳо бо мукофотҳо қадрдони карда шуданд.
Озмуни мазкур аз рӯи номинатсияҳои композиторӣ, сарояндагӣ дар жанри академӣ, анъанавӣ эстрадӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн баргузор гардид. Инчунин иштирокдорони озмуни мазкур аз тарафи ҳайати ҳакамон роҳхат гирифта, ба даври шаҳри пешниҳод карда шуданд.