Таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

02.06.2023 10:41

 

Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ оид ба таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ки ҳамасола санаи 1-уми июн дар саросари олам таҷлил мегардад, дар ноҳия низ истиқбол карда шуд.
Бо ин мақсад санаи 1-уми июн соли 2023 дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон баргузор гардид, ки дар он Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Қодирзод Руслан Раҷаб, муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимзода Толиб Карим, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликзод Парвина, муовинони Раиси ноҳия, шубаю бахшҳои дастгоҳи Раиси ноҳия ва сокинону меҳмонони дихилию хориҷии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Зимни суханронии худ Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Қодирзод Руслан Раҷаб иштирокчиёни чорабинии идона ва дар симои онҳо кулли кӯдакони ноҳияро бахшида ба “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон” табрик намуд. Қайд гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тарбияи дурусти тифлакони саодатманд ва ба воя расонидани номбардорони ояндаи миллат аз тамоми шароиту имкониятҳо истифода карда, барои таълиму тарбия, рушди маънавию ҷисмонии онҳо ҳамаи шароитҳоро фароҳам овардааст.
Бояд гуфт, ки таҳти ғамхории доимӣ фаро гирифтани кӯдакону наврасон, дар замири насли ҷавон парваридани ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносию ватандӯстӣ мавриди таваҷҷӯҳи ҳамешагии давлату Ҳукумат қарор дорад.
Дар охир чорабинии фарҳангӣ - фароғати баргузор гардида кӯдакон ва наврасони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умуми ва томактаби бо хондани шеъру сурудҳо ва саҳначаҳои ҷолибу диданӣ таъби ҳозиринро болида гардониданд.