Ҷамбасти даври ноҳиявии озмуни “Душанбе - шаҳри гулрез” дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ

30.05.2023 09:01

 

Бо мақсади таъмини иҷрои талаботҳои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 12 майи соли 2023, №250 ва иҷрои қарори Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз 16 майи соли 2023, №124 “Дар бораи гузаронидани озмуни ноҳиявии гулҳо “Душанбе – шаҳри гулрез” дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, озмуни ноҳиявии гулҳо “Душанбе – шаҳри гулрез” дар панҷ номинатсия, аз ҷумла “Боғи беҳтарин”, “Гулгашти беҳтарин”, “Хиёбон ва кӯчаи беҳтарин” “Корхона, муассиса, ташкилоти беҳтарин” ва “Гулпарвари беҳтарин” гузаронида шуд.
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо иштироки Раиси ноҳия муҳтарам Қодирзод Руслан Раҷаб, муовинони Раиси ноҳия, Директорони боғу гулгаштҳо ва фаъолони ноҳия ҷамъбасти озмуни даври ноҳиявии “Душанбе - шаҳри гулрез” дар ноҳия гузаронида шуда, ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми ин номинатсияҳо бо диплому тӯҳфаҳои хотиравӣ аз номи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Қодирзод Руслан Раҷаб қадрдонӣ гардиданд.