ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ - ҚОДИРЗОД РУСЛАН РАҶАБ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН
23.05.2023 10:48
Ҷавонони хушиқболи Ватан!
Сараввал ҳамаи Шумо ва дар шахсияти Шумо тамоми ҷавонони Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола санаи 23 май дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил карда мешавад табрик гуфта, орзуманди саломативу сарбаландӣ, хушбахтиву иқболи нек ва амалӣ гардидани орзуҳоятон ҳастам.
Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи созандаи Ватани азизамон буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа арзишманд ва назаррас мебошад.
Мусалламаст, ки дар ҳама давру замон яке аз омилҳои муҳими инкишофи устувории давлат ва пешрафти љомеа истифода аз нерўи зеҳниву ҷисмонии ҷавонон мебошад.
Мо ифтихорманд ва сарбаланд аз онем, ки ҷавонони саодатманди мо сазовори боварии боэътимоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардиданд.
Ин нуқтаҳо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, худшиносиву худогоҳӣ, руҳияи озодихоҳӣ, ватанпарастӣ, ифтихори миллии ҷавонони саодатманди диёрро баланд бардошта, бори дигар водор месозад, то, ки ба қадри неъматҳои бебаҳо, ба мисли Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, Ватани ободу ором ва арзишҳои фарҳангии хеш бирасем.
Яъне, имрӯз барои ҷавонон, иштирок ва фаъолияти онҳо дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ҳамаи омилҳо ва шароити иҷтимоиву фарҳангӣ ва иқтисодиву сиёсӣ фароҳам оварда шудааст. Дар ин роҳ, пеш аз ҳама, азму талош ва кӯшишҳои ҷавонони лаёқатманду фаъол, ватандӯсту меҳанпарвари мо нақши ҳалкунанда дорад.
Ҷавонони саодатманди диёр бо шукргузорӣ аз чунин фазои ободу озод, аз ин хоки сарзамини биҳиштосо, аз неъматҳои гаронбаҳои Ваҳдату Истиқлолияти миллӣ, бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи дурандешонаи Пешвои љавонпарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифодаи ифтихори миллӣ дар роҳи бунёд ва эҳёи давлати навин, ваҳдату ҳамбастагии саросарӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ талошу ташаббусҳои беназирро устуворона ва озодона пеша намудаанд.
Тамоми заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҷавонон бисёр арзанда арзёбӣ гардида, барои мақоми хоса пайдо кардани сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми беназир гузоштанд.
Ҷавононро ҳамчун ояндасозони давлату миллат, қувваи пешбаранда ва неруи ҳаракатдиҳандаи ҷомеа эътироф кардани Сарвари давлат боиси болидаруҳӣ ва ифтихори миллии ин қишри ояндасоз гардида, эътимоди онҳоро ба фардои дурахшон қавӣ ва масъулияташонро баҳри ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ дучанд менамояд.
Бояд тазаккур дод, ки имрӯзҳо ҷавонон бо маҳорату малакаҳои худ бо дониш ва дарки амиқи ватандорӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ аз ҷумла, соҳаи маънавиёт, сиёсат, иқтисодиёт ва фарҳанг, саёҳӣ, варзиш ва ғайра фаъолияти пурсамар доранд. Солҳои охир ҷавонони мо бо истифода аз фазои сиёсии ором ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, тариқи квотаҳои президентӣ ва грантҳо дар давлатҳои ИДМ ва ҳатто берун аз он таҳсили илм намуда истодаанд.
Ҷавонони арҷманд!
Ҷавонони мо баҳри ҳифзи марзу буми Ватани азизамон Тоҷикистон доимо омода буда, ҳимояи марзу буми ин ватанро қарзи шаҳрвандии худ медонанд.
Ҷавонони бонангу номус ва далеру ғаюри мо ҳамчун сипари боътимоди давлатдории миллиамон дар ҳифзи марзу буми кишвар ва таъмин намудани суботу оромии ҷомеа қарзи ватандӯстонаи хешро адо менамоянд.
Бо қаноатмандӣ хотирнишон месозам, ки наслҳои ояндасози халқи тоҷик ойини ҷавонмардӣ ва ватандӯстиву ватандориро мояи ифтихори худ мешуморанд ва ҳар як ваҷаби хоки Тоҷикистони азизро муқаддас меҳисобанд.
Ҷавонони шарафманди тоҷик анъанаҳои аҷдоди сарбаланди худро идома бахшида, ба Ватан, муқаддасоти давлатӣ ва ҳимояи марзу буми кишвар содиқ будани худро борҳо собит кардаанд.
Насли ҷавони мамлакатамон бо ҳисси баланди миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ ба суннатҳои писандидаи гузаштаи халқамон, яъне ба таърих ва фарҳанги миллиамон арҷ мегузорад.
Бори дигар таъкид карданӣ ҳастам, ки мо ҷавонон бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо яъне Истиқлолияти комил, сулҳу субот ва ба қадри ҳар зарра хоки муқаддаси Ватан бирасем ва Ватани азизамон Тоҷикистонро дӯст дорем, падидаҳои номатлубу нанговарро маҳкум кунему, баҳри ҳифзи ин макони биҳиштосо, фарҳангу тамаддун ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллиамон беш аз пеш талош намоем.
Итминони комил дорам, ки љавонони шарафманди диёри маҳбуб дар вуҷуди худ эҷсоси гарми ватандӯстиро парварида, чун пайравони асили Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи саодати Тоҷикистони соҳибистиқлол хизматҳои арзанда менамоянд.
Бори дигар Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак бошад, ҷавонони хушиуболи Ватан.