КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ - АМАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ "ҶАВОНОН ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ" БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН
18.05.2023 15:37
Имрӯз бо мақсади таъмини иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 3 майи соли 2023, №232 «Дар бораи таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе» ва иҷрои қарори Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз 10 майи соли 2023, №115 «Дар бораи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ» аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат» бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ташкил ва баргузор карда шуд.
Конференсияро Маҳмудзода Нусратулло Пулод - мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ ифтитоҳ намуд.
Дар кори конференсия Шарифзода Наргис Достӣ – муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Неъматзода Маликшо - Раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иброҳимзода Амир Мудин - сардори Раёсати кор бо ҷавонони дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи Раиси ноҳия, муовинони ректор оид ба корҳои тарбиявӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, гирандагони стипендия ва ҷавонони фаъоли ҳудуди ноҳия иштирок намуданд.
Мусалламаст, ки дар ҳама давру замон яке аз омилҳои муҳими инкишофи устувории давлат ва пешрафти ҷомеа истифода аз нерӯи зеҳниву ҷисмонии ҷавонон мебошад.
Имрӯз тамоми давлатҳои ҷаҳон ба нерӯи созандаи ҷавонон такя менамоянд ва илму маорифро яке соњаи афзалиятноки хеш қарор дода, барои омӯзиши насли ҷавон аз тамоми имконияту шароит истифода мебаранд.
Дар фарҷоми кори конференсия як қатор кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва муовинони ректор оид ба корҳои тарбиявӣ бо сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.