ҚАДРДОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

04.05.2023 15:34

 

Ҳамасола санаи 4 май, Рӯзи кормандони мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда мешавад, аз ин лиҳоз санаи 4 майи соли 2023 дар толори нозироти андози ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо иштироки Раиси ноҳияи муҳтарам Қодирзод Руслан, муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Султон, Абдураҳмонзода Абдураҳмон муовини Раиси шаҳри Душанбе, Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло ва Сангаков Диловар сардори нозироти андози шаҳри Душанбе ҳамаи кормандони мақомоти андози ноҳияро ба ифтихори иди касбиашон табрик намуданд.
Ҳозирин қайд намуданд, ки андоз муҳимтарин унсур ва асоситарин воситаи молиявии давлат буда, фаъолияти тамоми соҳаҳои ҳаёти давлат ба он зич марбут аст. Аз ин рӯ, ҳар яки мову шумо бояд баҳри таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки ба он рушду нумӯи минбаъдаи кишварамон алоқаманд аст, заҳмат кашида, донишу таҷриба ва малакаҳоямонро сарф созем.
Бо шукргузорӣ аз суботу оромӣ ва рушду шукуфоӣ, ки имруз дар Ватани азизамон ҳукмфармост, бори дигар ба ифтихори Рӯзи кормандони мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуданд ва дар охир як қатор кормандон бо ифтихорнома ва сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ гардонида шуданд.