“Ҷамъбасти стипендияи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои соли таҳсили 2020-2021”

18.05.2021 10:42

 
Дар заминаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стипендияи Раиси шаҳри Душанбе дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ озмуни стипендияи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои хонандагони болаёқати муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ноҳия барои соли таҳсили 2020-2021 гузаронида шуда, аз 300 нафар довталаб 50 нафар ғолиби озмун гардиданд.
Дар арафаи Рўзи ҷавонони Тоҷикистон аз ҷониби Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Самӣ Шариф ба 50 нафар ғолибони озмуни стипендияи Раиси ноҳия мукофотҳои пулӣ расонида шуд.