ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ҶАВОНОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ
17.04.2023 10:15
Бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2023 дар бораи “Ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ”, санаи 1 апрели соли 2023 дар Комисариати ҳарбии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо руҳияи баланди идона барои сафарбар намудан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонони синни даъватӣ ҳозир шуданд.
Дар маросими сафарбаркунии даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Қодирзод Руслан Раҷаб, муовинони Раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи Раиси ноҳия, раисони маҳаллаҳо ва падару модарони навдаъватшавандагон ширкат варзиданд.
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳия муҳтарам Қодирзод Руслан Раҷаб суханрони намуда, ҷавононро барои содиқона ва поквиҷдонона хизматнамудан дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда ва ба волидайни онҳо низ ҷиҳати дар рӯҳияи ватандустӣ тарбия намудани фарзандонашон миннатдорӣ баён намуданд.
Инчунин, дар охир барои болидаруҳии даъватшавандагон чорабинии фарҳангӣ ва дастурхони идона аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия пешкаш карда шуд.