ҶАМЪБАСТИ ФЕСТИВАЛИ НОҲИЯВИИ “САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА”ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

17.04.2023 10:08

 

Санаи 27 марти соли 2023 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 06 марти соли 2023, №91 ва иҷрои қарори Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз 14 марти соли 2023, №69 “Дар бораи баргузор намудани фестивали гулҳо таҳти унвони “Сайри гули лола” дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, фестивали ноҳиявии гулҳо “Сайри гули лола” дар панҷ номинатсия, аз ҷумла “Боғи беҳтарин”, “Кӯча ва Хиёбони беҳтарин”, “Гулгашти беҳтарин”, “Гулпарвари беҳтарин” ва “Композитсияи беҳтарин” гузаронида шуд.
Дар ҷамъбасти фестивали мазкур иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳия муҳтарам Қодирзод Руслан Раҷаб, муовини якум ва муовинони Раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони муассисаҳои мактабӣ, томактабӣ ва ғолибон иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, фестивали ноҳиявии гулҳо “Сайри гули лола” аз рӯйи панҷ номинатсия баргузор гардида, ғолибони ин номинатсияҳо бо ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм бо тӯҳфаҳо аз номи иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳия қадрдонӣ карда шуданд.