ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

17.04.2023 10:02

 

Санаи 28 марти соли 2023 дар толори Муассисаи давлатии литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе вохӯрии номзадҳо ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ҳавзаи интихоботии №12 бо интихобкунандагон баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур Қурбонзода Убайдулло Маҳмадалӣ – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, раиси Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қаюмов Ҳоҷӣ, Қодирзод Руслан Раҷаб – номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Қодирова Моҳинав - номзади худпешбар ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Раҷабов Дилшод номзади худпешбар ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва шахсони боэътимоди номзадҳо иштирок намуданд.
Нахуст, Қаюмов Ҳоҷӣ сухани ифтитоҳӣ намуда, номзадонро ба интихобкунандагон муаррифӣ намуд.
Сипас, Қурбонзода Убайдулло шахси боэътимоди Қодирзод Руслан Раҷаб номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ҳавзаи интихоботии № 12 оид ба ҳадафҳои вакил ва барномаи пешазинтихоботии номзад сухан гуфта, қайд намуд, ки мақсади асосии барномаи номзад иштироки бевосита дар фаъолияти мақомоти намояндагӣ, мусоидат намудан ба амалӣ гардидани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди ҷомеаи озод ва шаҳрвандӣ, саҳмгузорӣ дар пешрафти иҷтимоии ҷомеа, махсусан ба итмомрасонии ислоҳоти соҳаи мактабу маориф бо назардошти арзишҳои умумибашарӣ дар асоси урфу одат, расму оин, ахлоқу одоби миллӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатии сокинон мебошад.
Ҳамзамон шахсони боэътимоди номзадони худпешбар ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ суханронӣ намуданд.
Дар идома номзадҳо бо интихобкунандагон рӯ ба рӯ суҳбат намуда, доир ба рӯзи баргузории интихобот, тарзи овоздиҳӣ ва ҷонибдорӣ аз худ ёдовар шуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ интихобкунандагон ба саволҳои худ аз номзадҳо посухҳои мушаххас гирифтанд.