ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗ ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

22.03.2023 10:47

 
Санаи 21 марти соли 2023 тибқи нақша - чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар МД “Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ” – и ноҳияи Исмоили Сомонӣ бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Қодирзод Руслан Раҷаб ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимзода Толиб Карим чорабинии идона баргузор гардид.
Дар маҳали чорабинии идона дар МД “Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ” шумораи зиёди мардум ва меҳмонони хориҷӣ иштирок карданд.
Қодирзод Руслан – иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳамаи сокинони ноҳияро ба ифтихори Наврӯз – ҷашни бузурги миллӣ ва Соли нави аҷдодӣ табрик гуфта, ба ҳамаи онҳо тандурустиву сарбаландӣ, иқболи нек ва рӯзгори пурфайз орзу намуданд.
Тантанаи наврӯзи байналмилалӣ бо як қатор чорабиниҳо, аз қабили намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ташкили гушаҳои сайёҳи, намоиши фарҳанги миллӣ, пухтани таомҳои миллӣ, намоиши бозиҳои миллӣ варзишӣ, ярмаркаи фурӯши маҳсулоти озуқаворӣ бо чорабинии сатҳи баланди фарҳангӣ, бо иштироки ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ баргузор гардид.