Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, даъвати шашум

18.03.2023 08:02

 

Санаи 17-уми марти соли 2023 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳия муҳтарам Қодирзод Руслан Раҷаб, муовини якум ва мувинони Раиси ноҳия, Мудирони шуъбаю бахшҳои дасгоҳи Раиси ноҳия ва сохторҳои дахлдори ноҳия иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, даъвати шашум баргузор гардид иштирок намуданд.
Рўзномаи иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, даъвати шашум аз рўи масъалаҳои зерин тасдиқ карда шуданд:

1. Ҳисоботи муовини якуми раиси ноҳия оид ба рафти иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф бинобар қонунигардонидани дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ;
2. Ҳисоботи муовини Раиси ноҳияи оид ба иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 06 июни соли 2022, №275 “Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба ниҳолшинонию сабзкорӣ дар мавсими тирамоҳи соли 2022 ва баҳори соли 2023 дар шаҳри Душанбе” дар ноҳия;
3. Ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ “Оид ба одоби вакилон”;
4. Дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ.