ВОХӮРИИ КОРМАНДОНИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ БО ФАЪОЛОНИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

27.02.2023 07:25

 

Санаи 24 феврали соли 2023 дар толори мақомоти иҷоияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳия Қодирзод Руслан Раҷаб, Раиси суди ноҳия Сангинзода Ғайрат, сардори ШВКД дар ноҳия Ашурзода Абдуҷалил, корманди шуъбаи КДАМ дар ноҳия Назаров Манучеҳр, муовини прокурори ноҳия Азимов Насим ва фаъолону роҳбарони муассисаҳои ҳудуди ноҳия вохӯрӣ гузаронида шуд.
Сараввал иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳия Қодирзод Руслан суханронӣ намуда, қайд намуд, ки чуноне огоҳӣ дорем Пешвои миллат дар Паёми ироанамудаашон ба Маҷлиси Олии кишвар ба масъалаи тарбияи ватандӯстӣ ва ба илму донишҳои замонавӣ фаро гирифтани ҷавонон таъкидҳои махсус намуда, масъулини сохторҳои давлатиро муваззаф сохтаанд, то барои илмомӯзии наврасон тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд. Гарчанде аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» чандин сол сипарӣ гардида бошад, ҳам ҳанӯз аз ҷониби баъзе аз волидайн бемасъулиятӣ ба чашм мерасад.
Дар идома Раиси суди ноҳия Сангинзода Ғайрат қайд намуданд, ки имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ, роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд. Аз ин лиҳоз мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фармондадиҳӣ пеши роҳи гаравиши ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд.
Масъулин инчунин дар суханронии худ изҳор доштанд, ки ҷавонону наврасони дар ҷомеаи муттамадини имрӯза бояд дарк намоянд, ки мо ояндаи миллат ҳастем ва бояд аз тамоми амалҳои номатлуб, бахусус аз ифротгароиву терроризм дур бошем.