АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ БАХШИДА БА ТАЪСИСЁБИИ РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

21.02.2023 10:23

 

Бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 8 феврали соли 2023, №47 “Дар бораи таҷлил намудани 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе санаи 20 феврали соли 2023 бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қодирзод Руслан Раҷаб, муовинони Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон ва Одилзода Дилбар ба аёдати иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафта онҳоро ба муносибати Рӯзи артиши миллӣ табрик намуданд.
Инчунин, дар баробари аёдат ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ кумаки яквақтинаи молиявӣ ва маводҳои хӯрока аз қабилӣ орд, картошкаю пиёз ва равған кумак расонида шуд.
Дар рафти аёдат собиқадорон иброз доштанд, ки бо ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат ва махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бархурдор буда ва қайд намуданд, ки айни замон Артиши миллӣ қодир аст, амнияти давлату миллат ва ҳифзи марзу буми ватанро пурра таъмин намояд.