Таҷлили 30 солагии рӯзи тасисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

17.02.2023 16:46

 

Санаи 16 феврали соли 2023 дар Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 30-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии дидори "Модар" ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Қодирзод Руслан Раҷаб иштирок ва суханронӣ намуда, афсарону сарбозон ва курсантони донишкадаро ба 30 - умин солгарди таъсисёбии рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки онҳо дар ҷодаи ҳимояи марзу буми кишвар, амнияту оромии Тоҷикистони соҳибистиқлол барору комёбиҳо, муввафақият ва дар адои хизмати пурмасъулашон комёбиҳоро тамано намуданд.
Дар чорабинии мазкур муовинони Раиси ноҳия, комиссариати ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи Раиси ноҳия, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони маҳаллаҳо ва падару модарони сарбозону афсарон иштирок доштанд.
Ҳамзамон, ҷиҳати болидаруҳии сарбозону афсарон чорабинии фарҳангӣ - фароғатӣ, варзишӣ ва дастархони идона, ташкил ва баргузор карда шуд.