Нишасти матбуотӣ

17.02.2023 16:38

 

Ҷиҳати иҷрои саривақтии талаботҳои нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассиса ва ташкилотҳои дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти соли 2022, ки аз 20.01.2023, №26/10-21 аз ҷониби Роҳбари Дасгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ тасдиқ гардидааст, санаи 16 феврали соли 2023, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Қодирзод Руслан Раҷаб роҷеъ ба соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амният ва мудофиа ҳисоботи муфассал ироа намуд.
Намояндагони васоити ахбори омма дар нишасти матбуотӣ оиди фаъолияти муассисаҳои фарҳангии ҳудуди ноҳия, иштироки хонандагон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, хушунати хонаводагӣ, ҳолати ҷинояткорӣ миёни ноболиғон ва наврасону ҷавонон, сатҳи бекорӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, муроҷиати шаҳрвандон, фаъолияти корхонаҳо, зимистонгузаронӣ ва омодагиҳо ба ҷашни 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саволҳо пешниҳод намуда, дар ҷавоб посухҳои муносибу қаноатманд гирифтанд.