Иҷлосияи ғайринавбатии сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, даъвати шашум

25.01.2023 11:57

 

Санаи 25 - уми январи соли 2023 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе иҷлосияи ғайринавбатии сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, даъвати шашум баргузор гардид.
Рўзномаи иҷлосияи ғайринавбатии сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, даъвати шашум аз рўи масъалаҳои зерин тасдиқ карда шуданд:

1.Дар бораи тасдиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 январи соли 2023, №503 «Дар бораи бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе озод намудани Самӣ Шариф Ҳамид»;
2.Гузориши раиси комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакил ба ивази вакили хориҷшуда ва тасдиқи ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ҳавзаи интихоботии №19;
3.Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз 15 июли соли 2022, №115;
4.Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколатҳои вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ҳавзаи интихоботии №12;
5.Дар бораи таъин намудани интихоботи вакил ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии №12;
6.Дар бораи ташкили Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоби вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ҳавзаи интихоботии №12;
7.Дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ.