ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА КОРМАНДОНИ БАХШИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРМАНДИИ ПОЙТАХТ

23.01.2023 15:08

 

Санаи 23 январи соли 2023 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои фаъолияти гурӯҳи таблиғотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо кормандони бахши сайёҳӣ ва ҳунармандии пойтахт мулоқот анҷом доданд. Дар вохурӣ роҳбарияти Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Раёсати робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, ки аъзои гурӯҳи корӣ мебошанд, ширкат варзиданд. Масъулин вобаста ба нишондодҳои асосие, ки зимни ироаи паём аз ҷониби Сарвари давлат садо дод, андешаҳои худро баён намуданд.