ВОХӮРИИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҲТАВОИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

03.01.2023 10:47

 

Санаи 3 январи соли 2023 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат Саидҷаъфар Усмонзода ва Маликзод Парвина баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ вакилони парлумони мамлакат мӯҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шаҳр доданд.
Дар ин вохӯрӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳо, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, раисони маҳаллаҳо, имомхатибон ва дигар фаъолони ноҳия, иштирок доштанд.