АЁДАТИ САРБОЗОНУ АФСАРОНИ ҚИСМҲОИ ҲАРБИИ ҲУДУДИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ

30.12.2022 13:01

 

Санаҳои 28-29 декабр соли 2022 дар арафаи Соли нави мелодии 2023 масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, аз ҷумла Раиси ноҳия муҳтарам Самӣ Шариф аз шароит ва ҳолу аҳволи сарбозону афсарони Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз қисми ҳарбии “02615г”-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.
Зимни баромади хеш Раиси ноҳия муҳтарам Самӣ Шариф Ҳамид аз хизмату заҳматҳои шабонарӯзии сарбозону афсарони кишвар, бахусус сарҳадбонони шуҷои ватан, дар партави сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, дастгириҳои беназири Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар самти фароҳам овардани шароити созгор ба хизматчиёни ҳарбӣ дар пойтахт намунаи волои таваҷҷуҳ ба ин қишри ватандӯсту шуҷоъатманд маънидод намуда, ҳамаи афсарону сарбозонро ба муносибати Соли нави мелодӣ табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо дар ҷодаи ҳимояи амнияту оромии Тоҷикистони соҳибистиқлол барору муваффақият ва дар адои хизмати пурмасъулашон комёбиҳоро тамано намуданд.
Дар фарҷом ба афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбӣ аз ҷониби масъулин чорабинии фарҳагӣ баргузор намуда ва ба як қатор сарбозону афсарон туфаҳои солинавӣ тақдим карда шуд.