АЁДАТИ САРБОЗОНУ АФСАРОНИ ҚИСМИ ҲАРБИИ №6593-И САРАЁСАТИ ИҶРОИ ҶАЗОИ ҶИНОЯТИИ ВАЗОРАТИ АДЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ

27.12.2022 13:39

 

Санаи 27-уми декабри соли 2022 бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар арафаи соли нави мелодии 2023 бо сарбозону афсарони қисми низомии №6593-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти судманд баргузор гардид.
Самӣ Шариф Ҳамид – Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ сарбозону афсарони қисми низомии мазкурро ба ифтихори 30 – солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли нави дарпешистода табрик намуда, барои хизмати содиқонаву софдилонаашон дар роҳи хизмат ба Ватан изҳори сипос баён намуданд.
Дар охир ба як қатор афсарону сарбозон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуда, ҳамзамон барои сарбозону афсарон дастархони идона ва чорабинии фарҳангӣ ташкил ва баргузор карда шуд.