Паём-раҳнамои миллати тоҷик

23.12.2022 14:04

 

Имрўз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе тариқи пахши мустақим Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаҷамъона тамошо карда шуд.
Дар толор Раиси ноҳия муҳтарам Самӣ Шариф, муовинони Раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳо ва дигар кормандони дастгоҳи Раиси ноҳия ҳузур доштанд.