ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ “КИТОБХОНАИ БЕҲТАРИН”

09.12.2022 13:22

 

Санаи 8 декабри соли 2022 тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 20 апрели соли 2021, таҳти №219 «Дар бораи баргузории озмуни ҳамасолаи шаҳрии «Китобхонаи беҳтарин», бо мақсади рушди устувори китобхонаҳо, таҳкими заминаҳои моддиву техникии онҳо, рушду тавсеа, истифодаву корбурди китоб дар оила, ташкилоту муассисаҳо, корхонаву идораҳои давлативу ҷамъиятӣ, ҷалби мутахассисони соҳаи китобдорӣ ба китобхонаҳо, тақвияти зеҳниву маънавии сокинони пойтахт ва ҷалби онҳо ба озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба тасвиб расида, ки бо мақсади иҷрои саривақтии қарори мазкур қарори Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз 2 августи соли 2021, таҳти №274 “Дар бораи баргузор намудани озмуни «Китобхонаи беҳтарин» дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ” ба имзо расидааст. Бо ин мақсад дар маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе ҷамъбасти даври ноҳиявии озмуни шаҳрии “Китобхонаи беҳтарин” баргузор гардид.
Дар озмун муовини Раиси ноҳия Шарифзода Наргис, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дасгоҳи Раиси ноҳия Маҳмадшозода Илҳом, намояндагони бахшҳои дасгоҳи Раиси ноҳия ва ғолибони озмун иштирок намуданд.
Наргис Шарифзода миннатдории Раиси ноҳия муҳтарам Самӣ Шарифро ба иштирокчиён ва ғолибони озмун расонида, баъдан бо диплому ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва бо мукофотпулӣ ғолибони озмунро қадрдонӣ намуданд.
Ногуфта намонад, ки озмуни мазкур аз рӯйи чор номинатсия баргузор карда шуд;
1. Дар бахши «Китобхонаи беҳтарини оммавӣ»;
2. Дар бахши «Китобхонаи беҳтарини илмӣ - соҳавӣ»;
3. Дар бахши «Китобхонаи беҳтарини идоравӣ»;
4. Дар бахши «Китобхонаи беҳтарини оилавӣ»:
Маврид ба зикр аст, ки озмуни мазкур дар ду давр баргузор карда мешавад.
Даври якум дар сатҳи ноҳия баргузор гардида, даври дуюми озмун бо иштироки ғолибони даври якум дар сатҳи шаҳр ҷамъбаст карда мешавад.