Плениуми 2-юми Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Исмоили Сомонӣ

29.11.2022 15:22

 

Санаи 29 ноябри соли 2022 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Плениуми 2-юми Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид.
Дар кори Плениуми ҳисоботи раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия У.Казакова шунида шуда, вакилон бори дигар раиси худро интихоб карданд.
Умринисо Казакова ба вакилон барои дубора интихоб гардиданаш изҳори сипос намуд. Мавсуф аз номи Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои ғамхории пайвастаашон миннатдорӣ баён намуданд.
Дар чорабинӣ муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ табрикоти самимии Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Самӣ Шарифро ба собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Исмоили Сомонӣ расонида, дар охир ба роҳбарияти Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро супориданд.