ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ

23.11.2022 16:42

 

Санаи 23-уми ноябри соли 2022 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бахшида ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони маљлиси тантанавї баргузор гардид. Дар маљлиси зикргардида муовини якуми Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Юсуфзода Бахтиёр, Маликзод Парвина - вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сангинзода Ғайрат - раиси Суди ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои қаламрави ноҳия ва дигар шахсони даъватшуда иштирок намуданд.
Юсуфзода Бахтиёр дар сухани табрикии худ зикр кард, ки Парчами давлатӣ дар замони ниҳоят душвор ва ҳассоси ҷанги шаҳрвандӣ қабул гардид ва ҳамчун рамзи давлатӣ эътироф гардид.
Баъд аз анҷоми ҷаласаи тантанавӣ донишҷуёни филиали ДДМ ба номи М.В.Ломоносови шаҳри Душанбе бо суруду таронаҳои дилнишин хотири ҳозиринро шод гардониданд.