ҚАДРШИНОСИИ ҒОЛИБОНИ 14-УМИН ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ "ДОНИШ" ДАР ШАҲРИ АНТАЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТУРКИЯ

19.11.2022 09:41

 

Санаи 18 ноябри соли 2022 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Олимпиадаи байналмилалии «Дониш» ки аз 30-юми октябр то 6-уми ноябр дар шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия доир гашт, баргузор шуд. Дар маросими ҷоизасупорӣ муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, роҳбарияти Шуъбаи маорифи ноҳия, роҳбарону хонандагони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд. Зикр шуд, ки дар олимпиадаи 14-уми байналмилалӣ барои хонандагон ва донишҷўён, ки дар шаҳри Анталия баргузор шуд, аз миёни хонандагони шаҳри Душанбе, ки теъдодашон 195 нафарро ташкил медоданд, 95 нафари онҳо сазовори медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ гардиданд. Дар олимпидаи мазкур 10 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе низ бо медал ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Бояд қайд кард, ки хонандагон дар ин олимпиада бо забони русӣ дониши худро санҷиданд. Олимпиада аз рӯи фаннҳои забони англисӣ, математика, арифметикаи зеҳнӣ, забони русӣ, география, физика, химия, биология, таърихи умумӣ ва шоҳмот гузаронида шуд. Хонандагони ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе низ аз ҷумлаи фаъолони олимпиада буданд. Дар ин иртибот ба ғолибони олимпиадаи мазкур сипоснома ва мукофотпулиҳои раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуд.