Конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони «Пешвои миллат – мояи ифтихор ва иттиҳоду сарҷамъии ҷавонон»

14.11.2022 16:51

 

Имрўз бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар толори Литсейи - №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 – солагии Иҷлосияи 16 – уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони «Пешвои миллат – мояи ифтихор ва иттиҳоду сарҷамъии ҷавонон» ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар кори Конференсия роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кумитаву идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ходимони сиёсӣ, омўзгорон ва донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олию касбии ҳудуди ноҳия иштирок намуданд.
Конференсияро Самӣ Шариф Ҳамид – Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ифтитоҳ намуда, аҳли раёсат ва иштирокчиёнро бахшида ба таҷлили Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда ва дар корҳояшон бурдбориҳоро таманно кард.
Сипас, Гавҳар Шарофзода – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Чошанбезода Сураҷ – муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба хизматҳои шоён ва саҳми арзишманд гузоштани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миллату давлати Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
Баъд аз суханронии роҳбарият Муроҷиатномаи ҷавонони ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҳмудзода Нусратулло – мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия қироат карда шуд.
Зимнан, аз ҷониби хонандагон хори умумӣ ва шеърхонӣ дар васфи Пешвои муаззами миллат қироат карда шуд.
Таърих гувоҳ аст, ки замоне номвар ва номбардори миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал роҳбари давлат интихоб шуданд, Тоҷикистони тозаистиқлол рўзҳои даҳшатборро ба сар мебурд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мақоми Раиси Шўрои Олӣ будан, аввалин сухане, ки ба мардуми тоҷик карданд «Ман ба Шумо сулҳ меоварам, Мо ҳама бояд ёру бародар бошем», Роҳбари давлат ба ин суханҳои неки худ, истода ба мардуми тоҷик сулҳро пойдор намуданд.
Ҳамин мардонагиву зиракии Сарвари давлат тавонист, ки истиқлолияти давлатии мо тоҷикистониёнро беш аз 150 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохт.
Кишвари мо таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошт. Дар ин муддат Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид. Пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдории худ – Артиши миллӣ ва қувваҳои сарҳадиро ба вуҷуд овард ва устувор гардонид.
Ҷавонони кишвар имрўз ин сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, аз раванди илму техника ва технологияҳо, ки дорои имкониятҳои васеъ мебошанд, ҳамаҷониба истифода менамоянд.
Дар ифтитоҳ ва фарҷом суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод.