Шанбегии дастаҷамъона дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

12.11.2022 11:23

 

Санаи 12 ноябри соли 2022 барои иҷрои банди 3-и Нақшаи шинонидани дарахтон дар ҳудуди Муассисаи давлатии “Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал” дар мавсими кабудизоркунии тирамоҳи соли 2022 ва баҳори соли 2023, ки аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе аз 22 июли соли 2022 тасдик шудааст, шанбегии дастаҷамъона гузаронида шуд.
Вобаста ба иҷрои супориши мазкур мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ шанбегии дастаҷамъиро ба роҳ монда, дар он кормандони дасгоҳи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо, имомхатибони масчидҳо ва кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳия ҷалб карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳудуди Муассисаи давлатии “Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал” аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба миқдори 8777 бех дарахтони ороишӣ (санавбар, можжевелник, туя, шулаш, олуи даштӣ) дар масоҳати 8,06 гектар замин ба нақша гирифта шудааст.