Табрикоти Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик

11.11.2022 15:40

 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҳамаи кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо камоли эҳтиром ба муносибати иди касбӣ - Рўзи кормандони милитсия, ки ҳамасола санаи 10 ноябр таҷлил карда мешавад табрику таҳният гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо оромиву хушбахтӣ, иқболи нек ва рўзгори осуда орзу менамоем.
Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз вохўриҳо бо кормандону собиқадорони Вазорати корҳои дохилӣ дарҷ намуданд «Кормандони милитсияи тоҷик дар даврони истиқлолият аз имтиҳони вазнини таърих гузашта, хусусан, дар айёми сахту сангини ибтидои солҳои 90 - уми асри сипаришуда вазифаҳои ба уҳдаи онҳо гузошташударо бошарафона иҷро карданд ва якҷо бо ҷузъу томҳои дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмин намудани волоияти қонун, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ саҳми басо арзишманд гузоштанд».
Боиси ифтихор аст, ки тавассути дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои кормандони милитсия ҳамеша қадршиносӣ гардида, барои беҳтар намудани шароити кору хизмат, баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии ҳайати кормандон ва тақвият бахшидани заминаҳои моддиву техникии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муассир андешида мешавад.
Бинобар ин, бори дигар ҳамаи кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҷашни касбиашон табрик гуфта, дар адои вазифаи пуршарафу пурмасъулият ба нафъи давлат ва халқи Тоҷикистони азиз, муваффақиятҳо орзу менамоем.