ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ДУЮМИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ “ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ” ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

05.11.2022 09:48

 

Санаи 4 ноябри соли 2022 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҷамъбасти даври дуюми озмуни шаҳрии «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе» баргузор гардид.
Дар маросими ҷамъбасти даври ноҳиявии озмуни шаҳрии «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе» намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, шуъбаи маорифи ноҳия ва иштирокчиёни даври ноҳиявии озмун иштирок намуданд. Гуфта шуд, ки ҳадаф аз баргузории озмун дарёфт ва муаррифии чеҳраҳои нави суханвару сухандони дорои маҳорати баланди ровигию наттоқӣ, сарояндагию овозхонӣ, баланд бардоштани маҳорати иҷрокунандагӣ, ташаккули истеъдод ва ҳунари наврасону ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеа дар ин самтҳо, инчунин фароҳам овардани шароити мусоиди эҷод ва пешниҳоди шеър ва сурудҳои таҷассумкунандаи марҳилаи нави ободкориву созандагӣ ва рушди бемайлони пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ва дар ин замина эҳтиром гузоштан ба таъриху фарҳанги миллӣ гузаронида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар даври ноҳиявии озмуни шаҳрии «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе» дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 310 нафар иштирок намуда, аз ин шумора 42 нафари онҳо сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардидаанд, ки ба ҳамаи онҳо дар вазъияти тантанавӣ диплом ва мукофотпулиҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ тақдим карда шуд.