Таҷлили 28-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ

03.11.2022 16:25

 

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 28-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 3-ноябр дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ маҷлиси тантанавӣ бахшида ба рӯзи Конститутсия баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур иштирок доштанд, Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Самӣ Шариф, Пурокурори ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе, полковники адлия, Шарифзода Шуҳрат Иззатулло, муовини якуми сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Тағойзода Сафарали Хол, Сангинзода Ғайрат – Раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, пурокурори ноҳия Иброҳимзода Абдураҳим ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, сардорони раёсату шуъбаҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ иштирок доштан.
Дар рафти баргузории ин чорабинӣ Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ сӯханронӣ намуда, ба тамоми нафарони дар толор ҳузурдошта, ҷашни 28-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро самимона табрик гуфта, барояшон саломативу сарбаландӣ ва пирӯзиву хонаободӣ орзу намуд.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади ҳавасманд гардонидани фаъолони сохторҳои ноҳия, бахшида ба Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин шахсоне, ки дар даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия саҳм гузоштаанд бо ифтихорномаҳо ва маблағҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ шуданд.