ТУҲФАИ РАИСИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ БА НАВХОНАДОРОН

21.10.2022 13:50

 

Санаи 20 октябри соли 2022 аз тарафи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муҳтарам Самӣ Шариф ба як ҷуфт, домоду аруси эҳтиёҷманд кумак расонида шуд. Инҳо сокинони ноҳияи Исмоили Сомонӣ буда, истиқоматкунандаи маҳаллаи Телман мебошанд.
Ба навхонадорон аз тарафи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ тамоми ашёи арусӣ, рахти хоб, қолин, курпаю курпача ва дигар ашиёҳои рӯзғордорӣ тақдим карда шуд. Ин тӯҳфаҳои Раиси ноҳияро масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, муовини Раиси ноҳия В.Абдуллозода, мудири бахши кор бо занон ва оила М.Аминзода ва мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Убайдуллои Шамсулло ба домоду арус расониданд.
Ёдовар мешавем, ки ин шаҳрвандон маъюбони гуруҳи дуюм буда, бо хоҳиши якдигар хостанд, ки оила барпо намоянд.