ВОХӮРИИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

18.10.2022 08:21

 

Санаи 17-уми октябри соли ҷорӣ дар доираи амалӣ намудани нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ суҳбату вохӯриҳои судманд миёни сокинону интихобкунандагони маҳаллаи Шафақ доир гардид.
Дар вохӯрии мазкур Содиқӣ Насиба – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси кумита оид ба илм, маориф ва сиёсати ҷавонон, Меликзод Парвина Иноятулло- вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи №2, Қурбонзода Убайдулло – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Аминзода Манижабону – мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва сокинони маҳалла иштирок намуданд.
Дар оғоз меҳмонон ба сӯханрони шуру намуда, қайд намуданд, ки маҳз бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар муттаҳид намудани нерӯҳои пешбарандаву босалоҳият, ваҳдатсозу сулҳовар ва дорои масъулияти баланди давлатсозиву давлатдорӣ ва бо ҳамин роҳ гузоштани саҳми арзанда дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқубунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ мардуми Тоҷикистон имруз дар фазои сулҳу ором хотирҷаъмона зиндагӣ доранд.
Мо бояд шукрона аз ин фазои амну ороми кишвар намуда, барои устувор гардонидани пойдевори давлатдории навин ва фарҳангу андешаи миллӣ саъю талош намоем. Ҳамзамон гуфта шуд, ки Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад. Бо ин мақсад дар панҷ соли минбаъда бояд беш аз 1000 иншооти соҳаи маориф дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот сохта, ба истифода супорида шавад.
Маҳз самараи неки Истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Мавсуф инчунин дар мавзӯҳои доғи рӯз пошхурии оилаиҳои ҷавон, гаравидани ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва омода набудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона ибрози андеша намуданд.
Дар анҷом интихобкунандагон дархосту саволҳои худро ба вакилон пешниҳод намуданд.